Ссылки доступа

Сарвазирони Ӯзбекистону Қирғизистон тирпаронӣ дар марзи ду кишварро баррасӣ карданд


Сарвазирони Ӯзбекистону Қирғизистон - Абдулло Орифов ва Сафар Исҳоқов 8 апрел гуфтугӯи телефониеро анҷом додаанд. Орифов ва Исҳоқов тирпаронии 7 апрел дар марзи ду кишварро баррасӣ кардаанд, ки ҷони як сокини 34-солаи Қирғизистонро рабуд.

"Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки 9 апрел раҳбарони хадамоти марзбонӣ ва ниҳодҳои дахлдори ду кишвар бо ҳам мулоқот кунанд", - омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон.

Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, гуруҳи кории муштарак ҳодисаро мӯшикофона санҷида, натоиҷашро рӯзҳои наздик эълом хоҳад кард.

7 апрел дар наздикии деҳаи Мамайи ноҳияи Оқсойи Қирғизистон, ҳаммарз бо Ӯзбекистон тирпаронӣ сурат гирифт. Ба иттилои марзбонҳои Қирғизистон, сарбозони ӯзбек ба сӯи сокини 34-солаи Оқсой, ки дар ҳудуди Қирғизистон буд, оташ кушодаанд. Дар натиҷаи ӯ дар беморхона ҷон бохт.

Вале ҷониби Ӯзбекистон ин хабарро рад мекунад. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, сарбозони ӯзбек гӯё ба сӯи шаҳрванди Қирғизистон замоне оташ кушодаанд, ки ғайриқонунӣ марзро убур карда, ба қаламрави Ӯзбекистон ворид гаштааст.

XS
SM
MD
LG