Ссылки доступа

Оғози сафари расмии президенти Қирғизистон ба Туркия


Сафари расмии дурӯзаи президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба Туркия имрӯз, 9 апрел оғоз шуд.

Қарор аст, Ҷеенбеков дар рӯзи якуми сафари худ бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон мулоқот карда, як қатор созишномаҳоро ба имзо расонад.

10 апрел ӯ бо сарвазири Туркия Бинолӣ Йилдирим ва раиси Маҷлиси миллии ин кишвар Исмоил Қаҳрамон низ мулоқот хоҳад кард.

Ҷеенбеков ҳамчунин бо намояндагони қирғизтаборони Туркия вохӯрда, муҷассамаи Чингиз Айтматовро дар шаҳри Анқара зиёрат мекунад.

Президенти Қирғизистон 11-12 апрел дар доираи як сафари корӣ ба шаҳри Брюссел рафта, аз ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо боздид хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG