Ссылки доступа

Дар Андиҷон як хонандаи мактаб ҳамсолашро бо зарби корд кушт


Як хонандаи синфи 9 аз мактаби №10 дар шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон рӯзи 7 апрел як ҳамсолашро аз мактаби №29-и ҳамин шаҳр бо зарби корд куштааст. Ба иттилои мақомот, ҳангоми рух додани ҳодисаи мазкур ҳамаи омӯзгорон дар шанбегӣ ҳузур доштанд ва хонандагон амалан бе назорат буданд.

Муҳаммадасрор Собиров, хонандаи мактаби №29 дар ҳудуди мактаби №10 кушта шуд.

"Миёни ин ду хонанда низоъ бархост. Сабабҳои низоъ то ҳол маълум нест. Зарби корд ба синаи Муҳаммадасрор Собиров расида буд", - гуфт як корманди мақомоти интизомии Ӯзбекистон.

Дар ҳоли ҳозир муфаттишон ба таҳқиқи ҳодиса машғул ҳастанд. Бо моддаи "Куштор" парванда боз шуда, гумонбарро боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG