Ссылки доступа

Русия Исроилро дар бомбаборони пойгоҳи низомии Сурия айбдор кард


Вазорати дифои Русия эълон кард, ки ҷангандаҳои Исроил пойгоҳи низомии Ҳумси Сурияро бомбаборон кардаанд.

Ба иттилои мақомоти Русия, дар ин бомбаборон ду ҳавопаймои F-15 нерӯҳои ҳавоии Исроил ширкат карданд. Ин ҳавопаймоҳо шаби 9 апрел аз фазои Лубнон нуҳ мушаки идорашаванда партоб намуданд.

Хабари ҳамла ба пойгоҳи низомии Ҳумс шаби 9 апрел аз сӯи расонаҳои Сурия паҳн гардид. Ба навиштаи расонаҳо, низоми зиддимушакии Сурия 8 мушакро маҳв кардааст. Хабагузории САНА-и Сурия менависад, дар ин ҳодиса чанд нафар кушта ва захмӣ шудааст, аммо шумори онҳо то кунун дақиқ нест. "Аз эҳтимол дур нест, ки ин таҳрики ИМА аст", - менависад хабаргузорӣ.

Ин дар ҳолест, ки ИМА даст доштанашро дар ин мушакборон рад мекунад. Пентагон мегӯяд, "дар ин муддат вазорати дифои ИМА дар Сурия ҳамлаи ҳавоӣ анҷом надодааст".

Доналд Трамп, президенти ИМА ахиран ҳамтои русаш Владимир Путин ва Эронро масъули "ҳамлаи бехирадонаи кимиёӣ" дар Сурия номид. Дар натиҷаи ҳамлаи охири кимиёӣ даҳҳо одам дар Сурия кушта шуд.

XS
SM
MD
LG