Ссылки доступа

Табибон: вазъи захмхӯрдаи ҳамла дар Қазоқистон - муътадил аст


Вазъи сиҳатии шаҳрванди Русия, ки дар як ҳамла ба микроавтобус дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон маҷруҳ шуда буд, муътадил арзёбӣ мешавад, хабар доданд табибон.

"Вай дар шуъбаи эҳё бистарист. Аз вазъи шокзадагӣ берун омад. Хуни зиёдаш рехта аст. Дар ҳоли ҳозир вазъи умумиаш муътадил аст. Бемор зинда хоҳад монд", - гуфт Гулмира Гулҷонова, муовини сардухтури беморхона.

Шаби 6 апрел дар наздикии шаҳри Оқтеппа афроди ношинос ба микроавтобусе, ки канори роҳ таваққуф карда буд, ҳамла карданд. Ин микроавтобус аз Русия ба Қирғизистон равона буд. Одамони ношинос пул ва дороии дигари мусофиронро рабуданд. Хабар дода мешавад, ки дар ин ҳодиса мусофири микроавтобус ҷароҳат бардоштааст.

XS
SM
MD
LG