Ссылки доступа

Федератсияи байналхалқии шоҳмот истеъфои президенташро талаб дорад


Федератсияи байналхалқии шоҳмот (ФИДЕ) аз президенти ин федератсия Кирсан Илюмжинов талаб дорад, ки ба истеъфо равад. Чунин муроҷиатнома дар сомонаи федератсия нашр шудааст.

Дар ФИДЕ шарҳ доданд, талаби истеъфо ба вазъи молӣ рабт дорад. Баъди он ки вазорати молияи ИМА зидди Илмюжинов таҳрим эълон кард, федератсия ба мушкили молӣ рӯ ба рӯ шуд ва "шоҳмот миёни ҳаводорон эътиборашро аз даст дод".

Масъалаи истеъфои Илюмжинов дар ҷаласаи шӯрои федератсия баррасӣ шуд, ки 7-8 арпел дар шаҳри Мински Белорус баргузор гардид. 14 узви шӯро аз истеъфои президент ҷонибдорӣ карданд.

Пештар аз ин бонки UBS-и Швейтсария эълон кард, ки суратҳисоби бонкии Федератсияи байналхалқии шоҳмотро ба далели таҳримҳои зидди Илюмжинов хоҳад баст. Моҳи марти соли 2017 дар сомонаи ФИДЕ хабари истеъфои Илюмжинов нашр шуд. Вай он замон ин хабарро иғво номида буд.

Кирсан Илюмжинов аз соли 1995 ФИДЕ-ро роҳбарӣ мекунад. Соли 2015 уҳдадориҳои вай маҳдуд шуда буданд, зеро мақомоти ИМА ӯро дар пуштибонӣ аз ҳукумати Сурия айбдор ва зиддаш таҳрим ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG