Ссылки доступа

Баррасии ҳамлаи кимиёии Сурия дар Шӯрои амнияти СММ


Вазъ атрофи Сурия ба ҳадде хатарнок аст, ки метавонад на танҳо ба амнияти байналмилалии минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ таъсири манфӣ расонад. Ин нуктаро фиристодаи махсуси СММ дар Сурия Стаффан де Мистура дар оғози ҷаласаи Шӯрои амният баён дошт.

Намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя гуфт, кишвараш барои ҷамъоварии маълумот мутахассисони радиологӣ, кимиёӣ ва биологии худро ба шаҳри Думои Сурия фиристод. "Вале онҳо дар намунаҳои хоки барои озмоиш гирифта маводи фалаҷкунандаи асаб ва хлорро пайдо накардаанд", - изҳор дошт дипломати рус.

Намояндаи доимии ИМА дар СММ Никки Ҳейлӣ изҳор дошт, ки Вашингтон сарфи назар аз натиҷаи ҷаласаи Шӯрои амният зидди дастандаркорони ҳамлаи кимиёӣ дар Думо мустақилона чора хоҳад андешид.

Шӯрои амнияти СММ барои баррасии ҳамлаи эҳтимолии кимиёӣ дар Думо ҷаласаи изтирорӣ баргузор мекунад. Баргузории ин ҷаласаро 9 кишвар, аз ҷумла ИМА, Фаронса ва Бритониё дархост карданд. Русия низ хост, ҷаласаи Шӯрои амният барпо ва "таҳдидҳо ба сулҳу амнияти байналмилалӣ" баррасӣ шавад.

ИМА мегӯяд, эҳтимол аст, дар посух ба ин ҳамлаи эҳтимолӣ зидди режими Башор Асад аз нирӯи низомӣ истифода кунад.

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, "тасмимҳои муҳим"-и худро тайи ду рӯзи оянда эълом мекунад. Созмони манъи силоҳи кимиёӣ санҷиши хабарҳоро дар бораи рӯзи шанбе сурат гирифтани ҳамлаи кимиёӣ дар Думо оғоз кардааст. Манобеи тиббӣ мегӯянд, дар натиҷаи ҳамла аз 48 то 60 одам кушта ва ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG