Ссылки доступа

Ӯзбекистон ҳавопаймоҳои Афғонистонро таъмир мекунад


Ширкати "Uzbekistan Airways Technics" ба ҳавопаймоҳои Афғонистон хадамоти техникӣ расонида, онҳоро таъмир хоҳад кард.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар ҷараёни гуфтугӯи намояндагони Вазорати савдои берунии Ӯзбекистон бо вазири нақлиёти Афғонистон Муҳаммад Ҳомид Тоҳмасӣ дар ин бора созише ба миён омадааст.

"Ҷониби Ӯзбекистон ҳамчунин дар омода кардани мутахассисони соҳаи ҳавоӣ ба Афғонистон кумак хоҳад кард", - омадааст дар иттилоияи Вазорати савдои берунии Ӯзбекистон.

Uzbekistan Airways Technics зертобеи ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways аст, ки беш аз 90 сол мешавад, дар бозори ироаи хадамоти техникӣ ва таъмири ҳавопаймоҳо фаъолият дорад. Тайи ин муддат ширкат беш аз 80 ҳазор ҳавопайморо пурра таъмир кардааст.

XS
SM
MD
LG