Ссылки доступа

Вазорат: Хонандаҳо дар Муъминобод аз "сустии асаб" беҳуш шуданд


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, 27 хонандаи мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод аз "асабсустӣ" (истерия) беҳуш шудаанд.

Масъулони Хадамоти матбуотии вазорат 9 апрел гуфтанд, "заҳршиносон, равоншиносон ва дигар мутахассисони соҳаи тиб хона ба хона гашта, тафтиш карданд, вале ягон нишонаи заҳролудшавиро дар бадани кудакон аз обу ғизо мушоҳида накардаанд".

Ба иттилои манбаъ, комиссияи вижа пас аз таҳқиқ ба хулосае расид, ки ҳодиса аз асабсустӣ ба вуҷуд омадааст. "Як хонанда беҳуш мешавад ва дигарон ин ҳолатро дида ба истерия ё худ асабсустӣ гирифтор мешаванд",- гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Нисфирӯзии 5 апрел якбора хонандаҳои синфи 5 ва 9-и мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод беҳуш шуданд. Ҳамид Одинаев, сокини деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, ду наберааш беҳуш шуд.

Баръакси иддаои Вазорати тандурустӣ ӯ мегӯяд, як наберааш дар мактаб беҳуш шуд ва набераи дигараш дар хона ба чунин ҳол гирифтор гашт. "Ин хел ҳодисаро тамоман надида будем. Набераи калонам хуб буд. Ба хоҳараш кумак кард. Баъдан якбора худаш ҳам беҳуш шуд. Ҳоло дар хона табобат мегиранд",-гуфт ӯ.

Соли 2016 низ беҳушшавии хонандаҳо дар деҳаи Хайркорони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сабт шуда буд. Баъдан, маълум карданд, ки онҳо аз заҳрдоруе, ки зидди ҳашарот дар мактаб пошидаанд, заҳролуд шудаанд.

XS
SM
MD
LG