Ссылки доступа

Остона тасмим дорад, ба Лубнон артиши посдори сулҳ фиристад


Талгат Мухторов, ноиб-вазири мудофиаи Қазоқистон гуфт, кишвараш тасмим дорад, соли ҷорӣ ба Лубнон артиши посдори сулҳ фиристад.

"Мо ҳоло барои фиристодани қисме аз артиши посдори сулҳамон омодагӣ мебинем. Чанд муддат мо дар бахши фаъолияти посдории сулҳ танҳо афсаронро ба ҳайси нозир фиристодем", - гуфт Мухторов. Ба гуфтаи вай, омодагиҳои зарурӣ пушти сар шудаанд.

"Баъзе аз ҷузъиёти ҷудогона боқӣ мондааст, ки СММ талаб мекунад. Тирамоҳи соли ҷорӣ мо ҳудуди 120 сарбозро ба яке аз кишварҳо хоҳем фиристод. Ба эҳтимоли зиёд ин Лубнон хоҳад буд", - гуфт Мухторов.

Бар асоси тағйирот ба қонунгузории Қазоқистон, ки соли 2015 қабул шуд, танҳо бо иҷозати ду палатаи порлумони Қазоқистон ҳукумати ин кишвар ҳақ пайдо мекунад, ки ба хориҷ артиши посдори сулҳ фиристад.

XS
SM
MD
LG