Ссылки доступа

Пешниҳоди таъсиси ордени ба номи Чингиз Айтматов дар Қирғизистон


Чанде аз вакилони порлумони Қирғизистон пешниҳод доранд, ки дар кишварашон ордени ба номи "Чингиз Айтматов" таъсис ва барои дастовардҳо дар бахши адабиёт, филмсозӣ ва дигар ҳунарҳо тақдим шавад.

Ҳамчунин пешниҳод мешавад, ки ордени мазкур ба шаҳрвандони хориҷӣ ба хотири фаъолияти пурсамари эҷодӣ, тарвиҷи идеяҳои башардӯстона, густариши сулҳ ва рушди маънавии инсон эъто шавад.

Ташаббускорон мегӯянд, Чингиз Айтматов нависандаи барҷаста ва файласуфи муосир ва инчунин рамзи адабиёту санъати Қирғизистон аст. Ба ҷуз ин, таъсиси ҷоизаи давлатӣ дар соли ҷорӣ ба 90-солагии Чингиз Айтматов мувофиқ хоҳад омад.

Лоиҳаи қонуни таъсиси ҷоизаи давлатӣ ба порлумон ворид шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон 6 орден - "Манас" дараҷаҳои I, II, III, "Курманжан Датка", "Данакер", "Данк", "Достук" ва "Баатир эне" роиҷ аст.

Бино бар иттилои ЮНЕСКО, Айтматов яке аз пурхонандатарин нависандагони муосир аст. Эҷодиёти вай дар 128 кишвари дунё бо бештар аз 176 забон тарҷума ва бо теъдоди бештар аз 100 миллион нусха нашр шудааст.

XS
SM
MD
LG