Ссылки доступа

Бозпурсии раиси Кумитаи андози Ӯзбекистон барои "камбудиҳои ҷиддӣ"


Раиси Кумитаи андози Ӯзбекистон генерал Ботир Парпиевро дар робита ба "норасоиҳои ҷиддӣ"-е бозпурсӣ доранд, ки дар кори ниҳоди зери раҳбарияш ошкор шудааст.

Ба гуфтаи як манбаъ дар Кумитаи андози Ӯзбекистон, кормандони Вазорати молияи ин кишвар дар кори кумита ба маблағи "даҳҳо миллион доллар" норасоӣ ошкор кардаанд.

Як корманди Вазорати молияи Ӯзбекистон гуфт, дар ҳоли ҳозир, ҳаҷми ниҳоии камбуд эълом карда намешавад. Намояндаи Додситонии кулли Ӯзбекистон мегӯяд, феълан аз Парпиев талаб доранд, ки осебро ҷуброн кунад. Ҳамроҳ бо Парпиев чанд мансабдори дигари Кумитаи андози Ӯзбекистон ҳам бозпурсӣ мешаванд.

13 феврал хабар дода шуд, ки бо дастури президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муфаттишони Додситонии кул ва Вазорати молия санҷиши кори Кумитаи андози ин кишварро оғоз кардаанд. Он замон расонаҳо хабар доданд, ки 30 муфаттиши додситонӣ кори кумитаро месанҷанд, вале дертар шумори онҳо ба 65 тан афзоиш дода шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, муфаттишони додситонӣ тафтишотро ба поён расонидаанд, вале санҷиши кормандони Вазорати молия дар кумита ҳанӯз ҳам идома дорад. Бино ба хабарҳо, санҷишҳо то 15 апрел тӯл кашида, аз натоиҷи он ба Мирзиёев хабар хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG