Ссылки доступа

Тоҷикистон аз Туркия хост, фаъолони "Гуруҳи 24"-ро таслим кунад


Тоҷикистон барои истирдоди Суҳроби Зафар (Суҳроб Тӯраев) ва Насим Шарипов, ду фаъоли боздоштшудаи “Гуруҳи 24”, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст, ба мақомоти Туркия дархост фиристодааст. Ин ду узви созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон 19 марти имсол дар Истамбул боздошт шуданд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 10 апрел гуфт, барои истирдоди Суҳроби Зафар ва Насим Шарипов бо мақомоти Туркия гуфтушунид доранд. "Дар ин замина бо мақомоти Туркия ҳамкорӣ дорем ва гуфтугӯҳо идома доранд", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, фаъолони боздоштшудаи “Гуруҳи 24” таҳти пайгард қарор доштанд ва бинобар ин истирдоди онҳо тақозо шудааст. Аммо сухангӯи ВКД-и Тоҷикистон нагуфт, ки кай барои истирдоди онҳо ба мақомоти турк дархост фиристодаанд.

Додгоҳи конститутсионии Туркия ахиран истирдоди Суҳроби Зафар ва Насим Шариповро ба муҳлати се моҳ манъ кард. Дар қарори додгоҳ омадааст, ки ин тасмим "ба хотири таҳқиқи қазия" ва дарёфти маълумоту санади бештар гирифта шудааст.

Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch низ аз Туркия хостааст, ки ба ҳеч ваҷҳ раҳбарони боздоштшудаи “Гурӯҳи 24” ба Тоҷикистон истирдод нашаванд. ​Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch гуфт, “боздоштшудаҳо вакили дифоъ доранд ва аз додгоҳи Туркия дархост шудааст, ки онҳоро ба Тоҷикистон таслим накунанд, чун дар онҷо ҳуқуқашон ба таври густарда поймол хоҳад шуд".

XS
SM
MD
LG