Ссылки доступа

Туркманистон дар комбинати сохтаи Белорус камбудӣ пайдо кардааст


Мақомоти Туркманистон баъд аз як соли бунёди корхонаи маъдани Гарлики ин кишвар аз тарафи Белорус дар сохтумони он камбудиҳоеро ошкор кардаанд. Дар ин бора сомонаи белорусии tut.by 5 апрел иттилоъ додааст.

Масоили марбут ба сохтмони корхонаи маъдани Гарлик 6 апрел дар ҷаласаи ҳукумати Туркманистон баррасӣ шудааст.

"Президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи ҳукумат ин гуна лоиҳаҳоро барои иқтисоди Туркманистон муҳим дониста, ба муовини сарвазири кишвар дастур дод, ки тамоми ҳуҷҷатгузориҳои марбут ба сохтмони комбинат ва шоҳроҳро омода ва пешниҳод кунад", - иттилоъ дод хабаргузори расмии Туркманистон баъд аз ҷаласа.

Хабаргузорӣ афзуда, ки 16 март ба Иттиҳоди саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон барои бунёди коргоҳи дигари маъдангудозӣ дар вилояти Лебап ва шоҳроҳи Ишқобод-Туркманобод 3 миллиард доллар қарзи боимтиёз муқаррар карда шуд.

Дар хабари расмӣ гуфта нашудааст, ки ҳукумати Туркманистон роҷеъ ба камбудиҳои ошкоршуда дар сохтмони комбинати Гарлик зидди мақомоти Белорус даъво хоҳанд кард, ё не. Вале сомонаи белорусии tut.by иттилоъ дод, ки мақомоти Ишқобод барои ин кор омодагӣ мебинанд.

Комбинати маъдани Гарликро мутахассисони белорус бунёд карданд ва 31 марти соли 2017, дар охирин рӯзи сафари президент Александр Лукашенко ба Туркманистон, ба кор андохтанд. Он бар ивази беш аз 1 миллиард доллар бунёд гашта, солона 1,4 миллион тонна поруҳои калийдор истеҳсол хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG