Ссылки доступа

Президенти Туркия дар дидор бо ҳамтои қирғизаш масъалаи "гюлениҳо"-ро ёдоварӣ кард


Сооронбой Ҷээнбеков, президенти Қирғизистон 9 апрел бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон дар шаҳри Анқараи Туркия мулоқот кард. Ду президент масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бархе аз масоили робитаҳои ду кишварро баррасӣ карданд.

Дар бахши сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон чанд созишнома ба имзо расид. Президенти Туркия ҳамзамон гуфт, ки саммити навбатии кишварҳои туркзабон моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

Эрдуғон дар нишасти матбуотии муштарак дар ҳузури хабарнигорон зикр кард, ки "Қирғизистон барои Туркия кишвари махсус аст". Президенти Туркия ҳамчунин даъват кард, ки нисбати ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюлен чораандешӣ шавад. Туркия ҳаракати Гюленро дар табаддулоти нокоми моҳи июли соли 2016 айбдор медонад.

"Ҳамкориҳои наздики мо, мутаассифона, баъди табаддулоти соли 2016 ба имтиҳонҳои гуногун рӯ ба рӯ шуданд. Ҳаракати Гюлен тавассути одамон талош кард, ки ҳамкориҳои моро бад кунад. Сафари имрӯзии Ҷээнбеков беҳтарин посух ба ҳаводорони Гюлен аст. Туркия муборизаашро зидди ин ҳаракат то замоне, ки охирин узви он ба ҷавобгарӣ ҷалб нашавад, идома медиҳад. Онҳо хуни 551 шаҳрванди моро рехтанд. Боздошти роҳбарони ҳаракат, маҳви решаҳои онҳо вазифаҳои аввалиндараҷаи мост", - гуфт Эрдуғон.

Аммо Ҷээнбеков дар нишасти муштараки матбуотӣ дар мавриди ҳаракати Гюлен ҳарфе назад.

Мақомоти Туркия баъди табаддулоти ноком аз ҳукумати Қирғизистон талаб карданд, ки муассисаҳои таълимии Фатҳуллоҳ Гюленро бандад. Он замон Бишкеки расмӣ ба Туркия посух дод, ки муассисаҳои таълимии туркӣ ба Қирғизистон хатаре намерасонанд.

XS
SM
MD
LG