Ссылки доступа

Марги шаҳрванди Қирғизистон аз тири марзбони Ӯзбекистон


Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Қирғизистон мегӯяд, як шаҳрванди кишвараш аз тири марзбони ӯзбек кушта шуд.

Ниҳоди ваколатдор хабар дод, ки ин ҳодиса соати 7-30 дақиқаи субҳи 7 апрел рух додааст. Фарҳод Мирзоқулов, сокини 34-солаи шаҳри Карбен ба хонаи холааш Дилором Боқиева ба меҳмонӣ рафта буд. Боқиева дар ҳудуди Ӯзбекистон зиндагӣ мекунад. Фарҳод Мирзоқулов дар роҳи бозгашт ҳангоми убури ҷӯйбор, ки шартан марзи ду кишвар муайян шудааст, аз тири марзбони ӯзбек маҷруҳ шуда, дар ҷои ҳодиса фавтид.

Тири марзбон ба қисмати сари Мирзоқулов расидааст. Дар ҷои ҳодиса ду гилза пайдо шуд. Баъди ҳодисаи мазкур сардорони қисматҳои марзбонии ду кишвар гуфтугӯ карданд. Дар ҳоли ҳозир мақомоти интизомии ноҳияи Оқсойи Қирғизистон аз рӯи ин ҳодиса парванда кушодааст.

XS
SM
MD
LG