Ссылки доступа

Дар ғарби Қазоқистон дарғоти 70 миллион тангаӣ рахна шуд


Дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ дарғот ё сади об рахна шуд. Дар дарёи Деркули наздикии деҳаи Переметнои ноҳияи Зеленовск моҳи ноябри соли гузашта сад сохта буданд.

Ин сад мебоист барои обёрии заминҳои кишвар хизмат мерасонд. Мақомот мегӯянд, пудратчӣ сади тахрибшударо барқарор мекунад.

Дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса сохтмончиён фаъолият доранд.

Ширкате, ки сади мазкурро бо 70 миллион танга (наздики 218 ҳазор доллар) сохта буд, вазифадор аст, ки давоми ду соли оянда ин садро таъмир кунад.

XS
SM
MD
LG