Ссылки доступа

Трамп ба хотири Сурия сафарашро ба Амрикои Лотинӣ бекор кард


Президенти ИМА Доналд Трамп сафари худро ба саммити кишварҳои Амрикои Лотинӣ дар Перу ва Колумбия ба далели бад шудани авзои Сурия пас аз ҳамлаи кимиёии шаҳри Думо бекор кард.

Ин сафар бояд охирҳои ҳафтаи равон сурат мегирифт. Ба ҷои Трамп ба мулоқот муовини президенти ИМА Майк Пенс хоҳад рафт. "Доналд Трамп дар ИМА мемонад, то посухҳои Амрикоро ба ҳаводиси Сурия ҳамоҳанг ва вазъ дар ҷомеаи байналмилалиро назорат кунад", - гуфт Кохи сафед.

Президенти ИМА пештар ҳамлаи кимиёиро дар Думои Сурия маҳкум карда, президент Башор Асад, Русия ва Эронро дар он масъул донист. Трамп гуфт, ИМА дар посух ба истифодаи силоҳи кимиёӣ дар Думо "гузинаҳои зиёд"-и зарбаи низомӣ ба Сурияро дорад. ИМА амалҳои худро бо ҳампаймононаш, аз ҷумла Фаронса ва Бритониё ҳамоҳанг мекунад.

Русия ва Сурия мегӯянд, ҳеч гуна ҳамлаи кимиёие сурат нагирифтааст. Мақомоти Сурия расман аз Созмони манъи силоҳи кимиёӣ дархост карданд, ки аз Думо боздид кунанд.

Шӯрои амнияти СММ рӯзи сешанбе баррасии вазъи Сурияро идома дода, ИМА қатъномаи худро дар бораи таҳқиқи ҳодисаи Думо пешниҳод кард. Вале Русия ба он вето гузошт.

XS
SM
MD
LG