Ссылки доступа

Русия ба қатъномаи Шӯрои амният дар бораи Сурия вето гузошт


Русия ба қабули қатъномаи пешниҳодии ИМА дар Шӯрои амнияти СММ оид ба механизми таҳқиқи ҳамлаи кимиёӣ дар шаҳри Думои Сурия роҳ надод. 12 кишвар аз қатънома ҷонибдорӣ карда, Русия ва Боливия зид баромаданд. Чин аз раъйдиҳӣ худдорӣ кард.

"Ин қатънома метавонист посухи ҳадди ақали Шӯрои амният ба ҳамлаи мазкур бошад", - изҳор дошт намояндаи доимии ИМА дар СММ Никкӣ Ҳейлӣ.

"Ҳатто агар ин қатънома қабул ҳамшавад, барои созмон додани санҷиши ҳамла чанд моҳ зарур аст. Шумо намехоҳед бишунавед, ки дар Думо осори ҳеч гуна ҳамлаи кимиёиеро пайдо накардаанд", - иқтибос овардааст хабаргузории русии ТАСС аз суханони намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя.

XS
SM
MD
LG