Ссылки доступа

Қурби доллар дар Туркманистон дубора боло рафт


Дар Туркманистон қурби доллари амрикоӣ дар "бозори сиёҳ" дубора боло рафт. Қурби расмии он дар ҳаҷми 3,5 манат барои 1 доллар нигаҳ дошта мешавад.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, субҳи 10 апрел саррофон дар "бозори сиёҳ" 1 долларро 14 манат харидорӣ ва 14,4-14,6 манат фурӯхтанд.

Ёдрас мешавем, чанд моҳ мешавад, қурби манати туркманӣ дар "бозори сиёҳ" дар баробари асъори хориҷӣ поин меравад.

Миёнаҳои моҳи феврал арзиши доллар дар "бозори сиёҳ"-и Туркманистон ба сатҳи рекордӣ - 15 манат расида буд, ки чаҳор баробар қимматтар аз қурби расмӣ аст.

Дар Туркманистон табодули расмии асъори хориҷӣ аз соли 2016 манъ аст. Бонки миллии Туркманистон соли 2015 қурби расмии 1 долларро 3,5 манат муайян карда буд ва се сол мешавад, он тағйир дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG