Ссылки доступа

Сиёсатмадори қирғиз дар даъват ба ғасби ҳукумат айбдор шуд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек раиси ҳизби "Эркин эл"-и Қирғизистон Мавлян Аскарбековро дар даъвати оммавӣ ба ғасби ҳукумат дар ин кишвар айбдор донист.

Аскарбеков 50 ҳазор сом (беш аз 700 доллар) ба нафъи давлат ҷарима шуд. Вале худи ӯ аз ин ҳукми додгоҳ розӣ нест ва мехоҳад, ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.

Зидди раиси ҳизби "Эркин эл"-и Қирғизистон бар пояи банди 297 (Даъвати оммавӣ ба ғасби ҳукумат ё тағйири сохти конститутсионии давлат аз роҳи зурӣ)-и Кодекси ҷиноии ин кишвар парванда боз шуда буд.

Аскарбеков дар мулоқот бо сокинони маҳаллаҳои "Учкун-2" ва"Дачи-СУ" гуфтааст, ки ҳукумат бояд мушкили сокинони ин маҳаллаҳоро ҳал кунад.

Худи Аскарбеков мегӯяд, ин парвандаро Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон зидди ӯ барои мухолиф буданаш боз кардааст.

XS
SM
MD
LG