Ссылки доступа

Ноиб-сарвазир: таҳримҳои зидди Русия ба иқтисоди Қазоқистон ҳам таъсир мерасонанд


Муовини сарвазири Қазоқистон Ерболат Досаев гуфт, ки таҳримҳои нави иқтисодии ИМА зидди Русия метавонанд, ба воридоти Қазоқистон ҳам таъсир расонанд. Ба гуфтаи вай, буҷаи Қазоқистон бо назардошти қурби 340 танга барои як доллар таҳия шудааст.

Изҳори назари Досаев дар ҳолест, ки дар пасманзари уфти рубл дар баробари доллар қурби танга низ коҳиш ёфтааст. Арзиши доллару евро ду рубл боло рафт.

Дар ҳамин ҳол, як доллари ИМА дар Қазоқистон дирӯз 325,88 танга хариду фурӯш шуд. Ин нишондод нисбати рӯзҳои пешин 5,47 танга зиёдтар мебошад.

"Албатта, ҳаяҷонзадагии Русия ва бозорҳои саҳҳомӣ таъсир мерасонад... Таъсири мушаххасе дар робита ба воридот эҳсос хоҳад шуд, аммо мо онро ба танзим хоҳем даровард", - гуфт Досаев.

Вашингтон 6 апрел нисбати ширкатҳо ва шаҳрвандони алоҳидаи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Ин таҳримҳо ба дахолати Русия дар интихоботи ИМА рабт доранд.

XS
SM
MD
LG