Ссылки доступа

"Маҳсулоти Ӯзбекистон он қадар ҳам арзон нест" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 10-уми апрели 2018 (HD)

- 140-солагии Айнӣ. Осорхона нав шуд, куллиёт чоп мешавад. Садриддин Айнӣ, муаллифи образҳои Қорӣ-ишкамбаи судхӯр ва Одинаи мардикор, рӯзи 15-уми апрел 140-сола мешавад. Бо гузашти беш аз сад сол аз замони эҷоди ин асарҳо, ҳанӯз мавзӯи қорӣ-ишкамбаву одинаҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон куҳна нашудааст (видео)

- "Маҳсулоти Ӯзбекистон он қадар ҳам арзон нест". Бо гузашти наздики як моҳ аз боз шудани марзҳову имкони сафари бидуни визаи 30-рӯза ба Ӯзбекистон, ба бозорҳои ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон маҳсулоти сохти узбекӣ ворид мешавад. Тоҷирони тоҷик мегӯянд, ҳанӯз ҳам анвои ин маҳсулот чандон зиёд нест ва дар оянда эҳтимолан бештар шавад (видео)

- Хунамро ба як бародар медиҳанд, савоб мешавад. Ҷалолиддин яке аз онҳоест, ки пайваста барои шифохонаҳои Хатлон хун месупорад, даҳҳо нафарро наҷот додааст. Дар Тоҷикистон фарҳанги супурдани ройгони хун ривоҷ наёфтааст, вале ба тадриҷ густариш меёбад (видео)

- Домод бошад, ятим бошад? Мушкил байни арӯсу хушдоман дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон мисли ҳамон баҳси маъруфи русӣ, ки кадоме аввал пайдо шудааст - тухм ё мурғ – зоҳиран ҳеҷ гоҳ посухи яксон нахоҳад дошт. Дар миёни бисёр духтарони маҳаллӣ дар вилояти Хатлон ин андеша бештар ҷой мегирад, ки зиндагӣ бо домоди мустақил ва дур аз модар, беҳтар аз онест, ки ҳамроҳ бо волидонаш бошад (видео)

- "Духтарони тоҷик футболро барои Месси тамошо мекунанд". Ҳаводорони футбол дар Тоҷикистон қобилияти хуби таҳлилу барасии бозии дастаҳо ва фаъолияти муррабиҳои бошгоҳҳои ҷаҳониро доранд. Онҳо ба ҳунари ҳар футболбоз баҳо медиҳанд. Дар интихоби даста ҳам бештар на ба натиҷаи баланд, балки ҳунару маҳорат таваҷҷӯҳ доранд (видео)

- Ҳилола аз деҳа, Нилуфар аз шаҳр. Тафовут аз куҷо то куҷо? Ҳилола дар Ҳисор таваллуд шуда, ба воя расидааст. Зиндагии ӯ ба монанди умри садҳо духтари деҳот, бо майли шавҳар ва хонаводаи ӯ ҷараён мегирад (видео)

- Осиё: буҳрони қудрат дар Қирғизистон. Таъсири таҳримҳои Ғарб зидди ширкатҳои Русияро Қазоқистон ҳам эҳсос кард. Президенти Қирғизистон додситони кул ва сарвазир раиси ширкати барқро барканор карданд. (видео)

- Дар Душанбе осорхонаи Садриддин Айниро бозсозӣ мекунанд. (видео)

- Озарбойҷон президент интихоб мекунад. Номзади асосӣ -Алиев. Дар Озарбойҷон 11 апрел интихоботи ғайринавбатӣ баргузор мешавад. (видео)

- Қурбониёни шиканҷа дар интизори адолат. (видео)

- Бритониё, Фаронса ва ИМА тасмими худро роҷеъ ба Сурия ҳамоҳанг мекунанд. Дар сурати зарба задани ИМА ба Сурия Русия аз тамоми чораҳои ҷавобӣ, аз ҷумла низомӣ кор мегирад. Ин нуктаро раиси Кумитаи дифои Думаи давлатии Русия Владимир Шаманов баён дошт. (видео аз Директ)

- Юлий Скрипалро аз беморхона ҷавоб доданд, Москва аз Лондон "далел" талаб дорад. (видеои Настоящее время)​

- Тулеев раиси порлумони Кемерово интихоб шуд. Губернатори пешини Кемерово Амон Тулеев, ки дар пайи кушта шудани 64 одам дар сӯхтори маркази тиҷории"Зимняя вишня" истеъфо дод, 10 апрел раиси Маҷлиси намояндагони мардумии Кемерово интихоб гашт. (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG