Ссылки доступа

Додситони кулли Қирғизистон аз мақомаш барканор шуд (видео)


Порлумони Қирғизистон пешниҳоди президент Сооронбой Ҷеенбековро барои барканории Индира Ҷолдубоева аз мақоми додситони кулли ин кишвар бо аксари оро ҷонибдорӣ кард.

Пештар пешниҳоди Ҷеенбековро Кумитаи порлумони Қирғизистон оид ба қонунгузории конститутсионӣ, сохтори давлатӣ, масъалаҳои судӣ ва ҳуқуқӣ ҷонибдорӣ карда буд. Ҷиноҳҳои порлумонии "Ота-Макон" ва "Республика-Ота Журт"-и Қирғизистон низ ҳисоботи додситони кулро ғайриқаноатбахш номиданд.

Вакили порлумони Қирғизистон Жанар Акаев дар ҷаласа гуфт, раҳбарони Додситонии кул ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар, ки аз мақоми худ барканор гаштанд, бояд барои иҷрои "фармоишҳои сиёсӣ" ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.

"Муҷозоти аз ҳама бузург барои мансабдори қирғиз истеъфо шудааст. Раиси Кумитаи амният ва додситони кул бо тақдири одамон бозӣ карда, боз дар порлумон мағрурона ҳарф мезаданд. Чаро онҳо танҳо бояд ба истеъфо фиристода шаванд? Бояд барои тақдири одамон ва фармоишҳои сиёсӣ ҷавоб гӯянд. Мо бояд инҳоро муҷозот кунем, то раиси нави Кумитаи амният ва додситони кулли нав фармоишҳои сиёсиро иҷро накунанд", - изҳор дошт вакили қирғиз.

Индира Ҷолдубоева моҳи январи соли 2015 бо пешниҳоди президенти вақти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев додситони кулли ин кишвар таъйин шуда буд. Дар давраи фаъолияти ӯ зидди як қатор намояндагони мухолифон, вакилони порлумон ва сиёсатмадорон парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, баъзе аз онҳо ҳабс ва зиндонӣ гаштанд.

XS
SM
MD
LG