Ссылки доступа

Ӯзбекистону Туркманистон омодагӣ ба сафари Бердимуҳаммадовро баррасӣ карданд


Вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистону Туркманистон лоиҳаи барнома ва дастури кори сафари давлатии президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро ба шаҳри Тошканд баррасӣ карданд.

Дар мушовараи вазоратҳои хориҷии ду кишвар, ки ахиран дар шаҳри Ишқободи Туркманистон баргузор гардид, гуфта шуд, ки ду кишвар ба сафари ояндаи Бердимуҳаммадов омодагии ҷиддӣ мебинанд. Аммо санаи сафари Бердимуҳаммадов ба Тошканд хабар дода намешавад.

Ҳайатҳои ду кишвар дар мулоқоти Ишқобод ҳамзамон масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG