Ссылки доступа

Занозанӣ дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон


Сокинони анклави Сӯхи Ӯзбекистон дар вилояти Бодканд як шаҳрванди Қирғизистонро латукӯб кардаанд. Дар ин бора раиси маҳаллаи Суу-Башӣ Худойбердӣ Козуев иттилоъ дод. Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, дурустии иттилоъро месанҷад.

Ба гуфтаи Худойбердӣ, деҳаҳои Боз-Адир, Кара-Токой ва Ширеч оби нӯшокиро аз истгоҳи обкашонии "Ширеч" дарёфт мекунанд. 10 апрел сокинони маҳаллаи "Шарҳобод"-и Сӯх корманди истгоҳро, ки мехост, обро сар диҳад, латукӯб кардаанд. Ҳоло ӯ дар беморхонаи Бодканд бистарӣ аст.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳарчанд истгоҳ дар ҳудуди Сӯх ҷойгир аст, он ба Қирғизистон тааллуқ дорад. Дар ҳоли ҳозир, вазъро пулис, марзбонон ва намояндагони мақомоти маҳаллии ду кишвар назорат доранд. Қарор аст, раҳбарони ноҳияҳои Бодканди Қирғизистону Сӯхи Ӯзбекистон бо ҳам вохӯранд.

Дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтанд, ки ин хабарро месанҷанд.

7 апрел дар наздикии деҳаи Мамайи ноҳияи Оқсойи Қирғизистон, ҳаммарз бо Ӯзбекистон тирпаронӣ сурат гирифт. Марзбонҳои қирғиз гуфтанд, сарбозони ӯзбек ба сӯи сокини 34-солаи Оқсой, ки дар ҳудуди Қирғизистон буд, оташ кушодаанд. Дар натиҷа ӯ дар беморхона ҷон бохт.

Вале ҷониби Ӯзбекистон ин хабарро рад мекунад. Сарбозони ӯзбек гӯё ба сӯи шаҳрванди Қирғизистон замоне оташ кушодаанд, ки ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон ворид гаштааст.

XS
SM
MD
LG