Ссылки доступа

Рақобати 5 ҳизб барои 3 курсӣ дар интихоботи миёндаврии Душанбе


Баъзе аз ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон барои ба даст овардани се курсии холимонда дар Маҷлиси вакилони халқи Душанбе вориди сабқати миёндаврӣ шудаанд. Қарор аст, соҳибони нави се курсӣ рӯзи 6-уми май маълум шаванд.

Интихоботи миёндаврӣ дар Маҷлиси вакилони халқи пойтахт баъди он баргузор мешавад, ки се вакил бо сабабҳои мухталиф курсиҳои худро холӣ карданд. Яке аз қазияҳои пурсарусадо -- аз курсӣ маҳрум шудани Субҳон Сафиаллоев, намояндаи коммунистҳо буд, ки аз ҷониби Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба қаллобӣ муттаҳам шуд. Ба иттилои мақомот, Сафиаллоев гӯё худро мушовири Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президенти Тоҷикистон муаррифӣ карда, аз корхонае 12 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Моҳи марти имсол ду курсии дигарро Шаҳноз Раҳматуллозода бинобар таъйин шудан ба вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ва Шоҳ Давлатов бо сабаби иқомати доимӣ дар хориҷи кишвар, холӣ карданд.

Абдуллоҳ Холиқов, раиси Кумисюни интихоботии Маҷлиси вакилони Душанбе гуфт, то кунун барои иштирок дар интихобот 8 номзад аз аҳзоби сиёсӣ омодагии худро баён доштаанд, ки як нафари онҳо зан аст. Холиқов гуфт, Ҳизби сотсиал-демократ ва Ҳизби демократ низ намояндагони худро шомили ҳавзаҳои интихоботӣ намуданд, аммо номзад пешбарӣ накардаанд.

XS
SM
MD
LG