Ссылки доступа

Дар Қазоқистон пешниҳод доранд, назорати хориҷ бурдани сармояҳо сахттар шавад


Порлумони Қазоқистон лоиҳаи қонунеро баррасӣ дорад, ки барои хориҷ бурдани сармояҳо назорати сахттарро пешниҳод мекунад.

Хабаргузориҳои маҳаллӣ менависанд, Дониёр Акишев - яке аз масъулони Бонки миллии Қазоқистон, ки лоиҳаи қонун "Дар бораи танзим ва назорати асъор"-ро дар порлумон муаррифӣ мекард, гуфт, ҳуҷҷати мазкур ҳуқуқи ирсоли иттилоъ дар бораи амалиёти пулиро ба мақомоти андоз пешбинӣ мекунад. Ба гуфтаи вай, ин тасмимҳо ба хотири "пешгирӣ аз берун бурдани сармоя" қабул шудаанд.

"Танҳо бо меъёрҳои қонунӣ хориҷ бурдани сармояро намешавад назорат кард. Берун бурдани сармоя мумкин аст, ғайриқонунӣ ё тавассути найрангҳои дигар сурат гирад. Маҳдудсозии мустақил боиси бад шудани фазои сармоягузорӣ мегардад ва шароити тоҷирони бовиҷдонро бад мекунад", - гуфт Акишев.

XS
SM
MD
LG