Ссылки доступа

Ишқобод аз Чемпионати ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ-2018 мизбонӣ мекунад


Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон аз 28 октябр то 10 ноябри соли равон Чемпионати ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ бо иштироки варзишгарони 70 кишвари ҷаҳон баргузор хоҳад шуд.

Кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии вазнбардорӣ (IWF) моҳи ноябри соли 2017 қарор кард, ки мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар пойтахти Туркманистон баргузор шавад.

Дар аввал қарор буд, чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Лимa, пойтахти Перу баргузор шавад. Вале моҳи ноябр ин кишвар аз мизбонии мусобиқа даст кашида, розӣ шуд, ки ҳаққи баргузории онро ба кишвари дигар диҳад.

"Баргузории ин мусобиқот дар ватани қаҳрамони секаратаи ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ Алтимурод Ораздурдиев боиси хушнудист. Туркманистон бо вазнбардори дигари худ Кристина Шерметова - барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон ва медали биринҷии чемпионати Осиё-2017 низ ифтихор дорад", - навиштааст Дипломат.ру.

Туркманистон моҳи сентябри соли равон V Бозиҳои осиёиро баргузор кард. Бино ба арзёбиҳои гуногун, мақомоти ин кишвар бар ивази 10-15 миллиард доллар иншооти варзишӣ бунёд кардаанд. Баъзе аз ин иншоот аз нигоҳи бузургӣ ба китоби рекордҳои "Гиннесс" ворид шуданд.

XS
SM
MD
LG