Ссылки доступа

Миёни Тошканду Алмато автобусҳо ба ҳаракат даромаданд


Расонаҳо бо истинод ба Оҷонсии "Ӯзавтотранс" иттилоъ доданд, ки аз 12 апрел миёни шаҳрҳои Тошканди Ӯзбекистон ва Алматои Қазоқистон автобусҳои мусофирбар ба гардиш хоҳанд даромад.

Дар масири "Тошканд-Алмато" автобусҳо дар як рӯз се бор ҳаракат хоҳанд кард. Ин масир 818 км тӯл дошта, 16 соату 30 дақиқа вақтро хоҳад гирифт. Автобусҳо дар Тошканд аз истгоҳи "Тошканд" ва дар Қазоқистон аз истгоҳи "Сайран" ҳаракат мекунанд.

Дар ҷадвали ҳаракати мусофирбарҳо зикр шудааст, ки убури гузаргоҳҳои марзии "Гишткуприк"-и Ӯзбекистон ва "Жибек Жоли"-и Қазоқистон 30-дақиқаӣ вақтро хоҳад гирифт.

Нархи билети мусофирбарҳо аз як тараф 100 ҳазор сӯм ё худ 4 ҳазор танга (12 доллар) муайян шудааст.

XS
SM
MD
LG