Ссылки доступа

Дар интихоботи Озарбойҷон Илҳом Алиев пирӯз мешавад (видео)


Раисҷумҳури кунунии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар интихоботи президентии пеш аз муҳлати ин кишвар баранда эълом мешавад. Бино ба натиҷаи назарсанҷиҳои чанд созмони ҷомеашиносӣ, Алиев дар интихобот аз 82 то 86%-и раъйи интихобкунандагонро соҳиб хоҳад шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар интихоботи президентии Озарбойҷон, ки 11 апрел баргузор гашт, беш аз 70%-и раъйдиҳандагон иштирок кардаанд.

Мухолифони Озарбойҷон тасмим гирифтанд, интихоботеро, ки ним сол пеш аз муҳлат баргузор шуд, таҳрим кунанд. Ба гуфтаи онҳо, мақомот бо зуд баргузор кардани интихобот ба номзадҳои нирӯманд имкон надоданд, ки маъракаҳои интихоботии худро барпо кунанд.

Озарбойҷон соли 2016 бо баргузории як раъйпурсӣ Конститутсияи худро тағйир дода, муҳлати президентиро аз 5 то ба 7 сол дароз кард. Илҳом Алиев, писари президенти пешини Озарбойҷон Ҳайдар Алиев 15 сол аст, ки ин кишварро идора мекунад.

XS
SM
MD
LG