Ссылки доступа

Таъсиси парванда зидди ӯзбекистониҳое, ки шаҳрванди Қирғизистонро латту кӯб карданд


Нисбати чаҳор шаҳрванди Ӯзбекистон, ки коргари пойгоҳи обкашонии "Ширеч"-ро латту кӯб карданд, парвандаи ҷиноятӣ боз хоҳад шуд. Дар ин бора додситони махсуси ноҳияи Сӯхи Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Фозилов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, фаъолияти пойгоҳи обкашонии "Ширеч"-ро, ки дар ҷазирақаламрави Сӯх ҷойгир аст ва ҳам амнияти коргарони ин пойгоҳро марзбонони Ӯзбекистон таъмин мекунанд. Чунин як шартнома миёни мақомоти ноҳияи Бодканди Қирғизистон ва ноҳияи Сӯхи Ӯзбекистон ҳосил шудааст.

"Мо чароандешӣ мекунем. Шаҳрвандони мо гунаҳкоранд, онҳо боздошт ва ба мақомот супорида шуданд. Мо тасмим гирифтем, ки бо сокинони маҳаллӣ мулоқоту гуфтугӯ кунем ва онҳоро ба созиш расонем, ки ҳамзистии мусолиҳатомез пайдо кунанд", - гуфт Ҷаҳонгир Фозилов.

Сокинони деҳаи Шарҳабати Ӯзбекистон рӯзи 10 апрели соли ҷорӣ коргари пойгоҳи обкашонии "Ширеч"-ро, ки дар ҳудуди ҷазирақаламрави Сӯхи Ӯзбекистон ҷойгир аст, латту кӯб карданд. Шаҳрванди Қирғизистон бо ҷароҳати косахона ва мағзи сар дар бемористон бистарӣ шуд.

Ба иттилои мақомот, пойгоҳи обкашонӣ ба Қирғизистон тааллуқ дорад, ки дар ҳудуди ҷазирақаламравӣ Сӯхи Ӯзбекистон ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG