Ссылки доступа

Эътирозгарони қирғиз бинои ширкати истихроҷкунандаи тилоро дар кони Макмал оташ заданд


Сокинони ноҳияи Тоғуз-Тороуски вилояти Ҷалолободи Қирғизистон дар як эътироз бино ва дастгоҳҳои махсуси ширкати истихроҷкунандаи тилои "Ҷӣ Эл Макмал Девелопинг"-ро оташ заданд. Дар ин бора шоҳидон хабар доданд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз ҷои ҳодиса акс нашр карданд.

Сокинони маҳаллӣ дар гузашта зидди сохтмони фабрикаи нав дар кони тилои Макмал эътироз карда буданд. 11 апрел онҳо бори дигар ба эътироз баромаданд. Гуфта мешавад, дар эътирози охир ҳудуди 500 сокин ширкат кард.

Ба иттилои мақомот, эътирозгарон ба сӯи комисияе, ки барои гуфтугӯ ба назди сокинон баромада буд, сангпартоӣ карданд. Гирдиҳамомадагон вориди фабрика шуда, биноҳо ва дастгоҳҳои махсусро оташ заданд.

Бино бар иттилои расонаҳо, сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов баъди ин ҳодиса раиси ноҳияи Тоғуз-Тороуск Тилек Идирисовро аз мақом барканор кард. Исҳоқов аз мардум хост, ба "иғво" дода нашаванд.

XS
SM
MD
LG