Ссылки доступа

Остона: баҳси сафорати Қазоқистон дар Австрия ҳал шуд


Ҳукумати Қазоқистон дар бораи танзими сулҳомези баҳс бо ширкати австриягии A.V. Maximus Holding AG&Со созишнома имзо кард. Дар ин бора вазорати адлияи Қазоқистон хабар дод.

Созишнома баргардонии 260 ҳазор евроро ба Қазоқистон пешбинӣ кардааст.

Ибтидои соли 2008 ширкати A.V. Maximus Holding AG&Со зидди сафорати Қазоқистон дар Австрия "дар бораи баргардонии қарзи иҷора" ба додгоҳ шикоят бурд. Ширкат баргардонии бештар аз 1,2 евроро талаб дошт. Соли 2010 Қазоқистон низ зидди ширкати мазкур ба додгоҳ шикоят бурд. Қазоқистон даъво дошт, "ширкат пардохти иҷора ва гаравпулиеро баргардонад, ки аз рӯи шартномаи носаҳеҳ пардохт шудааст".

Дар ниҳоят соли гузашта додгоҳи Вена ба ширкати мазкур машварат дод, ки баҳсро бо роҳи сулҳомез ҳал кунад. "Охири моҳи марти соли ҷорӣ созишномаи сулҳомез баста шуд. Ширкат бояд ба Қазоқистон 261 500 евро пардохт кунад", - хабар медиҳад вазорати адлияи Қазоқистон.

XS
SM
MD
LG