Ссылки доступа

Таъсири таҳримҳои зиддирусии Амрико ба Тоҷикистон (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Воридоти тухмро аз хориҷа ба Тоҷикистон маҳдуд карданд. Тоҷикистон воридоти тухмро аз беруни кишвар маҳдуд кард. ​Як манбаъ дар мақомоти Тоҷикистон гуфт, ин тасмим дар пайи шикоятҳо аз сифати пасти тухми воридотӣ гирифта шуд (видео)

- Таъсири таҳримҳои зиддирусии Амрико ба Тоҷикистон. Таҳрими 24 сарватманду ширкат ва сиёсатмадору мақомҳои Русия дар чаҳор рӯзи пеш боис ба уфти якбораи бозори саҳом ва коҳиши қурби рубли русӣ шуд. Уфти 10-дарсадиро дар бозори асъори Тоҷикистон ва даромади хонаводаҳои тоҷик низ эҳсос кардаанд (видео)

- "Агар зарар нарасонанд, қабул мекунем". Сокинон андешаҳои худро дар бораи паноҳ ҷустани шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон гуфтанд (видео)

- "Мақомот бештар дар ғами гову дин ҳастанд". Таҷовуз ба номуси занон дар Ҳинд ҳамчун як мушкили азим боқӣ мемонад ва бино ба гузоришҳо, ҳар рӯз дар ин кишвар то 100 зан озори ҷинсӣ мебинад. Мақомоти Ҳинд ваъда додаанд, ки ин ҷиноятро решакан мекунанд, вале як монеа амалкарди худи пулис будааст. (видео)

- Осиё: беқурбшавии танга ва интихоботи Озарбойҷон. Тангаи қазоқӣ ба далели таҳримҳои Ғарб зидди Русия қурби худро аз даст медиҳад. Вале Бонки миллии Қазоқистон сокинонро ба оромӣ даъват мекунад. Дар Озарбойҷон интихоботи президентӣ баргузор шуд. Киштиҳои ИМА ба соҳилҳои Сурия наздик мешаванд. (видео)

- Дар Тогуз-Торо сокинон чанд биноро оташ зада, ба сӯи кормандони пулис санг партофтанд. Сокинони ноҳияи Тоғуз-Торои Қирғизистон дар як эътироз бино ва дастгоҳҳои махсуси ширкати истихроҷкунандаи тилои "Ҷӣ Эл Макмал Девелопинг"-ро оташ заданд (видео)​

- Трамп ба Русия гуфт, барои "пешвоз"-и мушакҳои ИМА дар Сурия омодагӣ бинад. (видео аз Директ)

- Абдилдаев: Ҳеч кас набояд ба додситони нав фишор орад. Вакили порлумони Қирғизистон аз ҷиноҳи "Бир Бол" Миктибек Абдилдаев гуфт, салоҳиятҳои додситонии кулли кишварашро бояд бозпас диҳанд ва раҳбари нави он масъулияти худро бояд дақиқ анҷом диҳад ва ягон сиёсатмадор низ набояд ба ӯ фишор орад. (видео)

- Қазоқбоев: Бабанов дар Москва бо соҳибкорӣ машғул аст. Раҳбари пешини ҷиноҳи порлумонии "Республика-Ата Журт" Омурбек Бабанов дар шаҳри Москва, пойтахти Русия бо соҳибкорӣ машғул аст. Дар ин бора узви ҷиноҳ Руслан Қазоқбоев иттилоъ дод. (видео)

- "Ман сайёҳ нестам". Иля Яшин гуфт, барои чи шаҳрдори Москва шудан мехоҳад. Раиси Шӯрои вакилони ноҳияи Касноселскийи Москва Иля Яшин тасмим гирифтааст, дар интихоботи шаҳрдории пойтахти Русия иштирок кунад. (видеои Настоящее время)

- Қурбониёни шиканҷа дар интизори адолат. (видео)

- Идомаи беқурбшавии рубл. Қурби рубли русӣ дар пешорӯи хабарҳои Сурия ва изҳороти тунди президенти ИМА Доналд Трамп то рафт пасттар мешавад. (видео аз Директ)

- Пас аз Кемерово: дар Русия бехатарӣ аз сӯхторро месанҷанд. (видео аз Директ)

- Туркманистон: тасвирҳои ҳафта​. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG