Ссылки доступа

Дар ҷануби Туркманистон фурӯши нонро маҳдуд карданд


Дар вилояти Марии Туркманистон фурӯшгоҳҳои давлатии ғизо ба ҳар як сокин аз ду дона зиёд нон намефурӯшанд. Дар ин бора хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ ва баъзе аз расонаҳои мустақили маҳаллӣ иттилоъ медиҳанд.

Ба гуфтаи хабарнигори радио, ин маҳдудият танҳо дар фурӯшгоҳҳои давлатие дида мешавад, ки маҳсулоти ғизоӣ ва нонро бо нархи арзонтар аз бозор мефурӯшанд.

"Дар растаҳои фурӯшгоҳ нон бисёр намеистад. Бинобар ин, бо кушода шудани фурӯшгоҳ ё овардани нон бояд зуд онро харид. Аллакай дар назди дари фурӯшгоҳҳо навбатпоиҳо мушоҳида мешавад ва ба ҳар як муштарӣ танҳо ду дона нон мефурӯшанд", - менависад расонаи мустақили "Алтернативние Новости Туркменистана".

Ба гуфтаи хабарнигори мо, дар Туркманистон ҳангоми хариду фурӯши орд ҳанӯз ҳам маҳдудиятҳо дида мешавад. Фурӯшгоҳҳои давлатии ин кишвар ба ҳар як муштарӣ бештар аз 5 кило орд намефурӯшанд.

Пештар манобеи радио иттилоъ дода буданд, ки сокинони Туркманистон дар пайи камёфт шудани орд рӯ ба ҷуворӣ овардаанд. Вале мақомоти Туркманистон расман эътироф намекунанд, ки дар ин кишвар буҳрони ғизоӣ пеш омадааст.

Давка в очереди за отрубями в Дашогузе
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:48 0:00

XS
SM
MD
LG