Ссылки доступа

Барканории ду масъули Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар як рӯз


Котиби Идораи мусулмонони Ӯзбекистон (ИМӮ) Улуғбек Султонов ва ёвари ӯ Мубашшир Аҳмад 10 апрел аз мақоми худ барканор шуданд. Дар шуъбаи кадрҳои ИМӮ гуфтанд, ки идора қарордоди кориро бо ин ду нафар бекор кардааст.

"Котиби ИМӮ Улуғбек Султонов ва ёвари ӯ Мубашшир Аҳмад бо ангезаҳои сиёсӣ аз мақомҳои худ сабукдӯш нашудаанд", - гуфт як масъули шуъбаи кадрҳои ИМӮ.

Ба гуфтаи яке аз имомҳои наздик ба Султонов, котиби ҳамакнун пешини ИМӮ дар бетаваҷҷуҳӣ ба шикояти диндорон ва ташкили баромадҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ айбдор мешавад, ки бо мавқеи идора мухолифат мекунанд.

Худи Мубашшир Аҳмад низ мегӯяд, барои аз даст додани кори худ дар ИМӮ андуҳгин нест. Мубашшир Аҳмад муассиси сомонаи Azon.uz аст, ки дар он матолиби баҳсбарангез дар бораи ҳиҷобу риш нашр шуда буд.

Ба гуфтаи як манбаъ, номи Аҳмад ба далели даъватҳои ахири динияш дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба "рӯйхати сиёҳ" ворид шудааст.

Расонаҳо 10 апрел низ хабар доданд, ки рӯҳонии дигар Шермурод Тағай, маъруф ба "Алишер-домулло" аз мақоми имом-хатибии масҷиди"Тинчлик"-и шаҳри Тошканд барканор шудааст.

XS
SM
MD
LG