Ссылки доступа

Боздошти комиссар бо 5000 сомонӣ "пора"


Меҳрӯз Тоиров -- сардори зершӯъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор бо иттиҳоми гирифтани беш аз 5 ҳазор сомонӣ ва барои таҳияи билети ҳарбӣ ба як сокини ин ноҳия, боздошт шудааст.

Мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфтанд, ки Меҳрӯз Тоиров 10-уми апрел, ҳангоми гирифтани ин миқдор пул, ба даст афтод.

Як манбаъ дар Оҷонси зиддифасод рӯзи 11-уми апрел гуфт, Меҳрӯз Тоиров қасд дошт, ин шаҳрвандро ғайри қобили қабули хидмати низомӣ эътироф карда, барояш билет бидиҳад. Ин манбаъ гуфт, ҳоло нисбати Меҳрӯз Тоиров – сардори зершӯъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор бо моддаи 247, яъне қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ин бораи аввал нест, ки кормандони Комиссариатҳои минтақаи Кӯлоб ҳангоми гирифтани "пора" аз сӯи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт мешаванд. Моҳи январ соли равон Рустам Бурҳонов -- сардори Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб бо иттиҳоми гирифтани беш аз 300 доллар "пора" барои таҳияи билети ҳарбӣ ба як сокини ин минтақа, боздошт шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон сар аз 1 апрел даъвати баҳории ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG