Ссылки доступа

Мансабдорони қирғиз сабабгори эътирозҳои вайронгарона шумурда мешаванд


Вакилони порлумони Қирғизистон талаб доранд, зидди мансабдороне, ки боиси сар задани бетартибиҳо дар кони тилои Макмали ноҳияи Тоғуз-Торо шудаанд, чора андешида шавад.

Вакил Айтмамат Назаров гуфт, ҳодисаи мазкур ба обрӯйи Қирғизистон дар сатҳи байналмилалӣ осеб расонд, ки хисороти иқтисодиеро низ барои кишвараш дар пай хоҳад дошт.

Ба гуфтаи ӯ, сокинони Тоғуз-Торо роҷеъ ба кони Макмал дер боз эътироз мекарданд, вале мақомоти маҳаллӣ вокуниши муносибе нишон надоданд. Ӯ мегӯяд, барканории раҳбари ноҳия кофӣ нест ва мансабдорони дигар низ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Вакил Ирина Карамушкина пешниҳод кард, ки сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷалолобод, ки ноҳияи Тоғуз-Торо дар он ҷойгир аст, аз мақомаш барканор карда шавад. Зеро ба гуфтаи вакил, ӯ ҳеч гуна чораи пешгирикунандае наандешидааст.

Раиси порлумони Қирғизистон Достон Ҷумабеков гуфт, дар кони Макмал барои он бетартибӣ рух дод, ки мақомот ба мушкили сокинон расидагӣ накарданд.

Сокинони Тоғуз-Торо 11 апрел ба нишони эътироз бино ва дастгоҳҳои махсуси ширкати истихроҷкунандаи тилои "Ҷӣ Эл Макмал Девелопинг"-ро дар кони Макмал оташ заданд. Эътирозгарон ҳамчунин ба сӯи кормандони пулис ва аъзои комисияе, ки барои гуфтугӯ ба назди онҳо баромаданд, сангпартоӣ карданд.

Сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов баъд аз ин ҳодиса раиси ноҳияи Тоғуз-Торо Тилек Идрисовро аз мақом барканор кард. Исҳоқов аз мардум хост, ба "иғво" дода нашаванд.

XS
SM
MD
LG