Ссылки доступа

Муҳокимаи додситони қазоқ барои "40 ҳазор доллари пора"


Дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 11 апрел муҳокимаи додгоҳии додситони вилоятӣ шуруъ шуд. Додситони вилоят ба "талоши додани пора" ба кормандони додситонии кулли кишвар ба хотири пӯшидани парванда, айбор мешавад.

Дар додгоҳ ба ҷуз аз исми додситони вилоятӣ - Эсентур Қодиров - ҳамчунин номи кормандони додситонии кул зикр шуд, ки бояд аз дасти ӯ ришва мегирифтанд.

Моҳи августи соли 2017 додситонии кулли Қазоқистон нисбати чанде аз кормандони додситонии Оқтеппа бо гумони хунукназарӣ парванда боз кард. Баррасии парванда ба додситони махсуси вилояти Атирау супурда шуд.

Тафтишот мегӯяд, Эсентур Қодиров талош кард, ки тавассути миёнаравҳо ба додситонии кул ба хотири бастани парванда, пора пешниҳод кунад.

Эсентур Қодиров 12 ноябри соли 2017 ҳангоми додани 40 ҳазор доллари пора боздошт шуд. Ҳоло вай дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG