Ссылки доступа

Роскомнадзор талаб кард, Telegram фавран баста шавад


Роскомнадзор - ниҳоди давлатии танзимкунандаи фаъолияти матбуоти Русия - аз додгоҳ талаб кард, ки паёмрасони Telegram фавран баста шавад. Ҷаласаи додгоҳӣ дар мавриди талаби Роскомнадзор 13 апрел баргузор мешавад, хабар медиҳанд расонаҳои Русия.

Рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ ин ниҳод гуфта буд, ки то қарори додгоҳ Telegram баста нахоҳад шуд.

Пештар аз ин Роскомнадзор дар пайи дархости Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) аз додгоҳ талаб кард, ки Telegram баста шавад. Ҳафтаи гузашта муҳлате, ки Роскомнадзор ба раҳбарони паёмрасони Telegram дода буд, ба поён расид. Ин ниҳод аз Telegram талаб карда буд, ки калидҳои боз кардани паёмҳои корбаронро ба Хадамоти ФСБ таслим кунад.

Telegram ин талабро рад ва ба Қонуни асоси Русия такя кард, ки мукотибаи маҳрамонаро кафолат додааст. Аммо ФСБ дар ҷавоб гуфт, паёмҳои корбарон маълумоте нест, ки Қонуни асосӣ аз онҳо ҳимоя кунад.

XS
SM
MD
LG