Ссылки доступа

Помпео: дар як задухӯрди Сурия "як-дусад рус" кушта шуданд


Номзад ба мақоми котиби давлатии ИМА ва сардори пешини Идораи марказии тафтишотӣ Майк Пампео дар ҷаласаи Сенат гуфт, чанде пеш дар натиҷаи як задухӯрд бо нирӯҳои амрикоӣ дар Сурия "як-дусад рус" кушта шуданд.

Пампео ҷузъиёти ҳодиса ва манбаи худро ошкор накард. Танҳо гуфт, ки он чанд ҳафта пеш рух додааст. Ба эҳтимоли зиёд, вай задухӯрди 7 феврал дар Дайр-уз-Зори Сурияро дар назар дошт. Он рӯз нирӯҳои ҳавоии ИМА садҳо зархариди ҷонибдори президент Башор Асадро баъд аз ҳамла ба мавзеъҳои низомиёни амрикоӣ ҳадаф қарор доданд.

Баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз кушта шудани шаҳрвандони зиёди Русия - зархаридони гуруҳи хусусии низомии "Вагнер" хабар дода шуд. Бештари манобеъ гуфтанд, ки дар натиҷаи задухӯрд 200 нафар кушта шудаанд. Вале рӯзноманигорон тавонистанд, танҳо шахсияти 10 танашонро муайян созанд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия дар аввал ҳалокати шаҳрвандони ин кишварро дар задухӯрди 7 феврал рад кард, вале баъдан гуфт, дар он ҳодиса 5 кас кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

Низомиёни Амрико низ хабар доданд, ки дар задухӯрди мазкур шумори зиёди ҳамлагарон кушта шуданд, вале дақиқ нагуфтанд, ки дар миёни кушташудаҳо киҳо буданд. Нирӯҳои амрикоӣ пеш аз зарбаҳои ҳавоӣ низомиёни Русияро аз тасмими худ огаҳ кардаанд ва онҳо низ ҳеч мухолифате нишон надоданд.

XS
SM
MD
LG