Ссылки доступа

Намояндаи Русия дар СММ: аз ҳама муҳим ҷанг нашавад


Дар вазъияте, ки ҳоло атрофи Сурия ба миён омадааст, сар задани задухӯрдҳои мусаллаҳонаи мустақим миёни Русия ва ИМА-ро набояд номумкин донист. Ин нуктаро намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя баён дошт.

Ба гуфтаи ӯ, ҷомеаи байналмилалӣ ҳоло пеш аз ҳама бояд аз сар задани ҷангҳо атрофи Сурия пешгирӣ кунад. Небензя зарбаҳои ҳавоии ИМА-ро ба иншооти Сурия, ки дар онҳо низомиёни рус низ қарор доранд, "тасаввурнопазир" номид.

Шӯрои амнияти СММ рӯзи панҷшанбе пушти дарҳои баста вазъи Сурияро, ки баъд аз ҳамлаи кимиёии 7 апрел дар шаҳри Думои ин кишвар якбора бад шуд, баррасӣ кард. Кишварҳои Ғарб ҳамроҳ бо мухолифони Сурия режими Башор Асадро дар ҳамлаи мазкур айбдор карданд. Раҳбарони ИМА, Фаронса ва Бритониё мегӯянд, ҳамла набояд беҷавоб монад ва ба Сурия мушак партоб хоҳанд кард. Вале ҳоло дар ин бобат тасмими қатъӣ гирифта нашудааст.

Шӯрои амнияти СММ то ҳол наметавонад барои таҳқиқи ҳамлаи кимиёии мазкур қатъномаеро ба тасвиб расонад. Дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбеи шӯро Шветсия як қатъномаи дигарро пешниҳод кард.

Қарор аст, коршиносони Созмони манъи силоҳи кимиёӣ барои боздид аз маҳалли ҳамлаи кимиёӣ рӯзи шанбе вориди Сурия шаванд. ИМА мегӯяд, дар Думо ҳамлаи кимиёӣ сурат гирифтааст. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон низ инро тасдиқ кард. Вале Русия ва Димишқи расмӣ хабарҳо дар бораи ҳамлаи кимиёиро ҳангома ва беасос меноманд.

XS
SM
MD
LG