"Дадаҷон Кучкаров ва писараш бо ҳам баҳс мекунанд. Писар, ки 30 сол дорад, ба гардани падари худ бо каланд ба ҳадде сахт мезанад, ки як қисми он аз тан ҷудо мешавад. Кучкаров дар беморхона ба ҳалокат расида, писараш фирор кардааст", - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Як сокини дигари маҳаллаи "Навбаҳор" гуфт, Кучкаров як одами хеле бераҳм буд ва ҳамеша писарашро латтукӯб мекард. "Кучкаров як писару ду духтар дошт. Духтарҳояш дар Русия кор мекунанд. Ӯ ҳамеша писарашро мезад ва ин ба кӯдак таъсири манфии равонӣ расонд", - изҳор дошт ӯ.
Пулиси Ёзёвон мегӯяд, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.