Ссылки доступа

Назарбоев: Ли Куан Юро низ худкома меномиданд


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар як ҷаласа дар шаҳри Остонаи кишвараш рӯзи 12 апрел гуфт, демократиясозӣ, ба ақидаи вай, падидаи яклаҳзаина нест. Дар суханрониаш вай аз таърихи ИМА ёдовар шуд.

Назарбоев афзуд, Қазоқистон низ "мисли дигар кишварҳои ҷаҳон дар масири демократия ҳаракат дорад".

"Ман аз нахустин рӯзҳои истиқлолият ин кишварро роҳбарӣ дорам ва умеди мардумро бароварда мекунам. Борҳо дар Ғарб гуфтанд, ки "Демократияи моро, демократияи Амрикоро, демократияи Ғарбро роҳандозӣ кунед". Мо қазоқ ҳастем, на амрикоӣ, на олмонӣ ва на англис. Мо бардошти худро, таърих, забон, дин ва анъанаҳои худро дорем", - гуфт Назарбоев.

Дар ҳамин ҳол вай гуфт, "наметавон дар як рӯз тартиби ҳазорсоларо тай кард". "ИМА чанд сол дорад? 250 сол? Панҷоҳ сол пеш сиёҳпӯстону сафедпӯстон наметавонистанд дар як автобус нишинанд. Занҳо дар интихобот ширкат намекарданд. Чаро шумо инҳоро фаромӯш мекунед?", - афзуд президенти Қазоқистон.

Вай аз нахустин сарвазири Сингапур Ли Куан Ю ёдовар шуд, ки дар замони роҳбариаш ӯро "ба хотири даъвати ҳифзи анъанаҳо" худкома меномиданд. "Дӯсти марҳуми маро тамоми умр диктатор, худкома меномиданд. Чи хел худкома? Инсонеро, ки ҳар панҷсола интихоб мешавад, чи гуна диктатор, худкома номидан мумкин аст? Мо роҳи худро дорем", - илова кард Назарбоев.

Ин бори аввал нест, ки Назарбоев рушди Қазоқистонро бо кишварҳои Ғарб муқоиса мекунад.

XS
SM
MD
LG