Ссылки доступа

Имом-хатибони тоҷик барои ҷалби ҷавонон ба артиш сафарбар шуданд


Даҳҳо рӯҳонӣ дар ноҳияи Ҳисор барои ҷалби ҷавонон ба артиш сафарбар шудаанд. Шарофиддин Фозилов, сархатиби Масҷиди марказии ноҳияи Ҳисор 12 апрел гуфт, дар маҳаллаҳо ё дар канори мақомоти низомӣ ба дари хонаи сокинон рафта, аз аҳамияти хидмат дар артиш сухан мегӯяд.

"Ин мулоқот берун аз масҷидҳо сурат мегирад. Мегӯем, ки хидмат ба ватан мисли хидмат ба волидон муҳим аст. Ҳимояти сарзамин ва хоҳару бародарон аст. Даъватҳои мо натиҷаи мусбат ҳам ба бор овард", - гуфт Фозилов.

Дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонони аз 18 то 27-солаи тоҷик барои хидмат дар артиш охири моҳи март шуруъ шуда, то охири моҳи май идома хоҳад кард.

Ба иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон, ҳамасола ба сафи артиши кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар ҷалб карда мешаванд.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифоъи кишвар рӯзи панҷшанбе сафарбар шудани имомхатибҳо дар маъракаи баҳории даъватро “амали мусбат ва саривақтӣ” донист. Ӯ гуфт, “дар гузашта имомхатибҳоро даъват мекардем. Онҳо омада, амри маъруф кардаву мерафтанд. Вале имсол дар канори намояндагони ҷамоатҳо ва мақомоти дигар қарор гирифтанд. Ташвиқот мебаранд.”

XS
SM
MD
LG