Ссылки доступа

Президенти Туркманистон баъди шунидани ҳисобот дар бораи пешравиҳо, се муовини сарвазирро барканор кард


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар доираи тағйироти навбатии кадрӣ рӯзи 11 апрел якбора се муовини сарвазири кишварашро иваз кард. Президент ҳамчунин ба раисони ҳамаи панҷ вилоят танбеҳ эълон кард.

Максат Бобоев ва Байрам Аннамередов - ду муовини сарвазир, ки соҳаҳои нафту газ ва нақлиётро роҳбарӣ мекарданд, бо баҳонаи ба кори дигар гузаштан аз мақом барканор шуданд.

Оразмират Қурбонназаров - муовини севуми сарвазир, ки соҳаи тиҷоратро роҳбарӣ дошт, раиси Палатаи савдо ва саноат таъйин шуд.

Матбуоти расмии Туркманистон хабар медиҳад, ки Бердимуҳаммадов рӯзи 6 апрел аз фаъолияти мансабдорон изҳори ноқаноатмандӣ ва онҳоро "дар иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон ва роҳ додан ба камбудиҳо" айбдор кард.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷаласаи рӯзи 11 апрел ҳукуматдорон аз "дастовардҳои назаррас дар ҳамаи соҳаҳо"-и иқтисодӣ гузориш доданд.

XS
SM
MD
LG