Ссылки доступа

Марзбонони Ӯзбекистону Қирғизистонро аз тир кушодан сӯи афроди мулкӣ манъ карданд


Ӯзбекистону Қирғизистон ба созиш расиданд, ки марзбонони ду кишвар аз тир кушодан сӯи афроди ғайринизомӣ қатъиян манъ карда шаванд. Дар ин бора маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳад.

Уларбек Шаршиев, раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон ва фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Ӯзбекистон Руслан Мирзоев ҳодисаеро, ки рӯзи 7 апрел дар марзи ду кишвар рух дод, баррасӣ карданд. Дар он ҳодиса як шаҳрванди Қирғизистон кушта шуд.

Ҳайатҳои марзбонии ду кишвар ҳамроҳ бо мақомоти давлатӣ ва намояндагони мақомоти қудратӣ аз ҷои ҳодиса дидан карданд. Барои тафтиши ҳодисаи мазкур гуруҳи кории муштарак таъсис шуд.

XS
SM
MD
LG