Ссылки доступа

Усули нави ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 12-уми апрели 2018 (HD)

- "Гапи имомхатибонро кӣ гӯш мекунад?" Сокинон дар бораи хизмати ҳарбӣ ва даъвати имомхатибон изҳори андеша карданд (видео)

- Усули нави ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон. Табибони Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология ҳамакнун ҷарроҳиҳоро тавассути дастгоҳи "криоҷарроҳӣ" (ҷарроҳии яхбандишуда) анҷом медиҳанд. Ин аз навъи ҷарроҳиҳои нодир ва сангин аст, ки олими тоҷик, Саидилҳом Аҳмадзода онро то андозае сабук гардонидааст (видео)

- "Падараш меояд, гиребони муаллимро мегирад". Дар ноҳияи Балҷувон ду ғор сол ба сол ба як мактабе наздик мешаванд, ки бештар аз 300 нафар онҷо дарс мехонанд. Бачаҳои ин мактаб солҳост орзуи мактаби нав доранд, вале мақомот мегӯянд, ҳанӯз барои сохтани мактаби нав пул надоранд (видео)

- Хоҷа Машҳад -- он ҳарими ошиқон. Бостоншиносон мегӯянд, ки ёдгории таърихии Хоҷа Машҳад воқеъ дар наздикиҳои деҳаи Сайёди ноҳияи Қубодиён, таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Гуфта мешавад, ки он машҳуртарин маркази илмӣ дар Роҳи Абрешим буда, донишманд ва файласуфи бузург Ҳаким Носири Хусрав низ дар ин ҷо таҳсил кардааст. (видео)

- Оқибатҳои раъйпурсии истиқлолталабӣ барои курдҳои Ироқ. Бо гузашти шаш моҳ аз раъйпурсии истиқлоли Курдистони Ироқ курдҳои ин кишвар оқибати таҳримҳоеро мечашанд, ки ҳукумати Ироқ зидди Курдистон эълон кард. Бағдод раъйпурсиро ғайриқонунӣ мешуморад, ҳарчанд батадриҷ ҳамкорӣ бо курдҳоро ба роҳ монда, таҳримотро мебардорад (видео)

- Осиё: бетартибӣ дар кони тилои Қирғизистон. Дар Қирғизистон кормандони кони тило қариб буд, намояндагони мақомотро маъюб кунанд. Дар Қазоқистон китобҳои дарсие чоп шуданд, ки бори нахуст аз забони асл баргардон гаштаанд. Дар Сурия пулиси низомии Русия фаъолият дорад ва Ғарб дар бораи оғози амалиёти низомӣ машварат мекунад (видео)

- Созмони манъи силоҳи кимиёӣ хулосаҳои Бритониёро дар доираи парвандаи Скрипал тасдиқ кард. Созмони манъи силоҳи кимиёӣ гузоришашро дар бораи заҳролудшавии афсари пешини рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар Бритониё нашр кард (видеои Настоящее время)​

- Сӯхтор дар бозори Ӯши Бишкек. (нигористон)

- Ситоиши Назарбоев ва "100 китоби нави таълимӣ" (видео)​

- Дар Думои Сурия чӣ мегузарад. Раҳбари Пентагон Ҷеймс Мэттис гуфт, ИМА ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки Сурияро мушакборон кунад ё не. Шаҳри Думо, ки эҳтимол меравад, даҳҳо сокини осоиштааш дар натиҷаи як ҳамлаи кимиёӣ ҷон доданд, зери назорати нирӯҳои ҳукумати Сурия қарор гирифт. (видео аз Директ)

- Манбаъ: кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мехоҳанд, аз роҳи дипломатӣ Чемпионати ҷаҳонии футбол-2018-ро дар Русия таҳрим кунанд. (видео)

- Додгоҳ ҳукми зиндони Улюкаевро бетағйир гузошт. Додгоҳи шаҳрии Москва қарор кард, ки вазири пешини рушди иқтисоди Русия Алексей Улюкаев 8 сол дар зиндон бимонад. (видео аз Директ)

- NASA ба Моҳтоб сафари маҷозӣ ташкил кард (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG