Ссылки доступа

Таъмири мактабҳои Хуҷандро дубора ба зиммаи волидон гузоштанианд


Дар мактабҳои шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, аз волидон хостаанд, ки дар таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ саҳм гузоранд. Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, бояд мактабҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ таъмир шаванд ва ҷамъ кардани маблағ аз волидон хилофи қонун аст.

Муҳайё Ҳакимова, сокини маҳаллаи 3-и Хуҷанд мегӯяд, мудири мактаб аз волидон хостааст, ки барои таъмири синфхонаи фарзандонашон аз 50 то 70 сомонӣ супоранд. "Ба ҷуз ин, ҳамаи волидон ҳар моҳ барои мактаби фарзандашон 10 сомонӣ "хайр" мекунанд", - афзуд ӯ.

Абдурасул Қодиров, мудири мактаби №30-и Хуҷанд 12 апрел тасдиқ кард, ки ҷамъоварии пул барои таъмири синфхонаҳоро бо волидон машварат доранд. “Пуле, ки аз буҷа ҷудо мешавад, барои таъмири пурраи мактаб намерасад. Имсол 52 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буданд. Барои пардохти маблағи барқ, обу партов, харидани компютеру таъмири мизу курсӣ харҷ кардем. 3 ҳазор сомониаш боқӣ монд. Аз ин рӯ, барои таъмири синфҳо аз волидон дастгирӣ хостем", - изҳор дошт ӯ.

Хайриннисо Иброҳимова, мудири мактаби рақами 8 низ гуфт, мақомоти вилоят бо ирсоли як нома ба онҳо тавсия додаанд, ки барои таъмири бинову иншооти таълимӣ соҳибкорону тоҷирон ва аҳолиро ҷалб кунанд.

Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ихтисоси маблағ барои нигоҳубини бино ва хариди таҷҳизот аз буҷети ҳукуматҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудааст. Эҳсон Сафарзода, сухангӯи вазорат 12 апрел гуфт, ҷамъоварии иҷбории пул аз волидон барои мактабҳо қонунӣ нест.

“Баъзе шаҳру ноҳияҳо, мутаассифона, ҳамин маблағро намедиҳанд. Мудирони мактабҳо маҷбур мешаванд, ки аз падару модарон барои таъмир пул ҷамъ кунанд. Агар он маблағро мақомот ҷудо мекарданд, мактабҳо пурра таъмир мегардиданд ва ин гуна мушкил ба миён намеомад. Аз рӯи “Қонуни маориф” ба ҷуз дарсҳои иловагӣ, он ҳам тавассути суратҳисоби муассиса, дигар пул ҷамъ кардан аз падару модарон қатъиян манъ аст”, – гуфт Сафарзода.

XS
SM
MD
LG